Ҳамлагари аргентинии тими “Интер Майами” Лионел Месси дар бозии ниҳоии мавсими муқаррарӣ бар зидди “Ню Инглэнд Революшн” соҳиби нишондоди рекордии MLS гардид. Ҳамлагар дар дақиқаи 58-ум ба ҳайси бозигари эҳтиётӣ ба майдон баромад ва се гол ва як ассист анҷом дод.
ИМА - MLS
21-уми октябри соли 2024, душанбе. 03:00 ба вақти Душанбе
“Интер Майами” 6:2 “Ню Инглэнд Революшн”
Ҳамин тариқ, Месси дар таърихи Лига аввалин бозигаре шуд, ки ҳангоми ворид шудан аз курсии эҳтиётӣ ба задани 3 гол ва ирсоли як ассист даст ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Месси беҳтарин нишонзан дар таърихи “Интер Майами” гардид. Бозигари аргентинӣ ба дарвозаи дастаҳо 33 гол зада, аз ҳамлагари эквадорӣ Леонардо Кампана, ки 32 гол дар ин даста дорад, пеш гузашт.
