Ҳамлагари тими миллии Аргентина ва тими амрикоии “Интер Майами” Лионел Месси эълон кард, ки мусобиқаи ҷавонии худро бо номи “Ҷоми Месси” таъсис медиҳад. Дар ин бора футболбози машҳур тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Ин мусобиқа аз 9 –ум то 14-уми декабр дар шаҳри Майами баргузор мешавад. Дар он дастаҳои синни то 16-солаи “Ривер Плейт”, “Нюэллс Олд Бойз” аз Аргентина, “Интер Майами”, “Барселона”, «”Атлетико”, “Челси”, “Манчестер Сити” ва инчунин “Интер”-Италия мебошад.
Месси аз соли 2023 ба ин сӯ дар ҳайати “Интер Майами” бозӣ мекунад. Пештар ӯ дар дастаҳои “Барселона” ва “Пари Сен-Жермен” ҳунарнамоӣ намуда буд. Дар ҳайати “Барселона” Месси 10 маротиба қаҳрамони Испания, 4 бор ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо ва 3 бор ғолиби Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шудааст. Ӯ ҳашт маротиба соҳиби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати тими миллии Аргентина Месси қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 шуда, ду бор Ҷоми Амрикоро дар солҳои 2021, 2024 , Финалиссимаро соли 2022 ва медали тиллои Бозиҳои Олимпиро дар соли 2008 ба даст овардааст.
