LIVE

Суарес ҳамдастаи Месси мешавад

Собиқ ҳамлагари дастаи “Барселона” – Луис Суарес ба ҳайати дастаи “Интер Майами” гузариш кард. Дар ин бора рӯзномагинор Фабритсио Романо хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қарордоди ҳамлагари уругвайии 36-сола бо бошгоҳи амрикоӣ комилан мувофиқа шудааст. Суарес бо «Интер Майами» то охири соли 2024 шартнома мебандад ва имкон дорад, ки як соли дигар тамдид кунад.
Қайд мешавад, ки байни Суарес ва “Интер Майами” як моҳ пеш созишномаи шифоҳӣ ҳосил шуда буд, аммо барои омода кардани тамоми ҳуҷҷатҳо вақти зиёд сарф шудааст.
Суарес дар дастаи шаҳри Майами бо ҳамдастони собиқаш дар «Барселона» - Лионел Месси, Серхио Бускетс ва Жорди Алба, ки бо онҳо 6 сол (аз соли 2014 то соли 2020) дар як даста бозӣ кардааст, муттаҳид хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Суарес соли гузаштаро дар чемпионати Бразилия дар ҳайати «Гремио» гузаронида, бо даста медалҳои нуқраро ба даст овард. Суарес беҳтарин бозигари мавсим дониста шуд ва аз рӯи системаи «гол+пас» сермаҳсултарин бозигари мусобиқа гардид. Ӯ дар 33 бозӣ ба задани 17 гол ва 11 ирсоли головар ноил гардид.
Суарес бо «Интер Майами» ба сифати агенти озод шартнома мебандад, зеро шартномаи ӯ бо «Гремио» расман 31-уми декабр ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив