LIVE

Луис Суарес аз «Гремио» ба «Интер Майами» мепайвандад

Ҳамлавари «Гремио» Луис Суарес дар МЛС идомаи маснади варзишӣ мекунад.
Чӣ тавре ESPN иттилоъ медиҳад, гузариши футболбози уругвайӣ ба пуррагӣ мувофиқа шудааст. Суарес сафи «Интер Майами»-ро моҳи январ пурра мекунад.
Луис Суарес ба сафи «Гремио» чун футболбози озод аз тими  уругвайии «Насионал» оғози соли 2023 пайваста, мавсими ҷорӣ ҳамлавар чун беҳтарин нишонзани даста бо  19 гол дар 46 бозии ҳамаи мусобиқаҳо мебошад. «Гремио» айни ҳол дар зинаи чоруми Серияи А-и бразилӣ қарор дорад.
Дар сурати гузариш ба «Интер Майами» Суарес дар даста аз Флорида бо ҳамлавар Лионел Месси, нимҳимоягар Серхио Бускетс ва дифоъгар Жорди Алба ҳамроҳ мешавад, бо нафароне, ки аз соли 2014 то 2020 дар сафи «Барселона» бозӣ карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив