Бозии мавқуфгузоштаи даври 31-уми Премер-лигаи Англия байни дастаҳои “Вулверхэмптон Уондерерс” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи Мулинекс (Вулверхэмптон, Англия) бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.
Англия – Премер - лига. Даври 31-ум
Панҷшанбе, 19 феврали соли 2026. 01:00 ДШБ
“Вулверхэмптон” (Вулверхэмптон) 2:2 “Арсенал” (Лондон)
0:1 Сака – 5' 0:2 Инкапйе – 56' 1:2 Буэно – 61' 2:2 Калафйори – 90+4'
Ҳамлагари "Арсенал" Букайо Сака дар дақиқаи панҷум ҳисобро кушод. Ҳимоятгар Пйеро Инкапйе дар дақиқаи 56-ум голи дуюмро вориди дарвозаи "Вулверхэмптон" намуд. Баъди панҷ дақиқаи ин гол ҳимоятгари "Вулверхэмптон" Уго Буэно як голи ҷавобӣ зад. Дар дақиқаи 90+4 бошад ҳимоятгари "Арсенал" Риккардо Калафйори тӯбро шомили дарвозаи хеш намуд.
Пас аз 27 бозӣ дар Премер-лигаи Англия "Арсенал" бо 58 имтиёз дар садри ҷадвал боқӣ мемонад. "Вулверхэмптон Уондерерс" 10 имтиёз дорад ва дар ҷои 20-ум мебошад.
Дар даври оянда "Вулвз" дар сафар бо "Кристал Пэлас" ва "тӯпчиён" низ дар сафар бо "Тоттенҳэм Ҳотспур" бозӣ хоҳанд кард. Ҳарду бозиҳо рӯзи 22-юми феврал баргузор мешаванд.
