LIVE

“Арсенал” ва “Ливерпул” дар даври 21-уми ПЛА мусовӣ бозӣ карданд

Бозии даври 21-уми мавсими ҷории Премер-Лигаи Англия байни дастаҳои “Арсенал” ва “Ливерпул” дар варзишгоҳи Эмирейтс дар шаҳри Лондон, Англия бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.
Англия – Премер-лига. Даври 21-ум
9 январи соли 2026, ҷумъа. 01:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон) 0:0 “Ливерпул” (Ливерпул)
Дар ин бозӣ ягон гол зада нашуд. Дар дақиқаи 90+4-ум Конор Брэдли - ҳимоятгари “Ливерпул”маҷрӯҳ шуд ва натавонист майдонро тарк кунад.
Пас аз 21 бозии Премер-Лигаи Англия “Арсенал” 49 имтиёз дорад ва дар садри ҷадвали Лигаи Премер-Лига қарор дорад. “Ливерпул” бо 35 имтиёз  дар зинаи чорум мебошад.
Дар даври оянда, "тӯпчиён" 17-уми январ бо "Ноттингем Форест" бозӣ мекунанд, дар ҳоле ки "мерсисайдиҳо" дар ҳамон рӯз бо "Бернли" рӯбарӯ хоҳад шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив