Тими заифтарини Премер-лигаи Англия “Вулверхэмптон Уондерерс” силсилабозиҳои иборат аз 12 бохт дар ҳамаи мусобиқаҳо ва 11-бозӣ дар Премер-лигаро бо мусовии 1-1 дар сафар бо “Манчестер Юнайтед” дар даври 19-уми Премер-лигаи Англия ба анҷом расонд.
Англия — Премер-лига. Даври 19-ум
30 декабри соли 2025, сешанбе. 01:15 ДШБ
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 1:1 “Вулверхэмптон” (Вулверхэмптон)
1:0 Зиркзее – 27' 1:1 Крейчи – 45'
Бори охирин “Вулверхэмптон” рӯзи 5-уми октябр дар бозии хонагӣ зидди “Брайтон” дар даври 7-ум (1:1) тавонистанд, ки бозиро бидуни бохт ҷамъбаст кунанд.
"Вулверхэмптон Уондерерс" силсилаи беғалабаи худро ба 15 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ва 23 бозӣ дар Премер-лига (бо дарназдошти мавсими гузашта) дароз кард. Пирӯзии охирини онҳо дар Ҷоми Лига 23 сентябр ба даст омад (2:0 дар майдони худ бар “Эвертон”). "Вулверхэмптон Уондерерс" дар ин мавсим ҳанӯз дар ягон бозии Премер-лига пирӯз нашудааст, охирин пирӯзии онҳо рӯзи 26-уми апрел дар бозии хонагӣ муқобили "Лестер Сити" бо ҳисоби 3:0 дар даври 34-уми мавсими 2024/25 ба даст омадааст.
Дар нимаи аввали мавсими 2025/26 (19 бозӣ) "Вулверҳэмптон" се имтиёз ба даст овардааст ва айни замон дар ҷадвали Премер-лигаи Англия дар ҷои 20-ум қарор дорад, ки нӯҳ имтиёз аз рақиби наздиктарини худ қафо мондааст.
