Бошгоҳи футболи “Астон Вилла” дар даври 17-уми Премер-лигаи Англия “Манчестер Юнайтед”-ро бо ҳисоби 2-1 мағлуб кард. Ин 11-умин пирӯзии дастаи шаҳри Бирмингем дар 12 бозии охирини мавсими ҷорӣ аст.
Англия – Премер-лига. Даври 17-ум
21 декабри соли 2025, якшанбе. 21:30 ба вақти Душанбе
“Астон Вилла” (Бирмингем) 2 : 1 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
1:0 Роҷерс – 45' 1:1 Куня – 45+3' 2:1 Роҷерс – 57'
Силсилапирӯзиҳои "вилланҳо" маҳз аз бозии даври 6-уми Премер-лига бо "Фулҳэм" оғоз ёфт – он вақта дастаи Унаи Эмери бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Пас аз он пирӯзӣ бар "Бернли" (2:1), "Тоттенҳэм Хотспур" (2:1) ва "Манчестер Сити" (1:0) зери даст омад. Баъд аз ин "шерҳо" аз "Ливерпул" (0-2) мағлуб шуданд, аммо баъдан дар бозиҳо бар "Борнмут" (4-0), "Лидс Юнайтед" (2-1), "Вулверхэмптон Уондерерс" (1-0), "Брайтон энд Хов Албион" (4-3), "Арсенал" (2-1) ва "Вест Хэм Юнайтед" (3-2) пирӯз шуданд ва бо вохӯрӣ бо "девони Сурх" ин силсиларо боз ҳам бештар карданд. Дар бозии навбатии худ, "Астон Вилла" рӯзи 27-уми декабр дар сафар бо "Челси" рӯбарӯ хоҳад шуд.
“Астон Вилла” айни замон бо 36 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали Премер-лига қарор дорад.
