LIVE

“Арсенал” ба силсилағалабаҳои таърихии “Астон Вилла” нуқта гузошт

Бошгоҳи лондонии “Арсенал”   бар “Астон Вилла” бо ҳисоби бузурги 4-1 пирӯз омада, ба силсилапирӯзиҳои рекордии ин тими шаҳри бирмингем иборат аз 11-бозӣ, ки яке аз беҳтарин рекордҳо дар таърихи даста мебошад, хотима бахшид.
Англия —Премер-лига. Даври 19-ум
31 декабри соли 2025, чоршанбе. 01:15 ДШБ
“Арсенал” (Лондон) 4:1 “Астон Вилла” (Бирмингем)
1:0 Магалянс – 48' 2:0 Субименди – 52' 3:0 Троссард – 69' 4:0 Хесус – 78' 4:1 Уоткинс – 90+4'
“Вилланҳо” қаблан танҳо ду маротиба - дар солҳои 1897 ва 1914 - натиҷаи ба ҳамин монанд дошта буд. Дар ҳарду маврид  дастаи шаҳри Бирмингем низ дар 11 бозии паиҳам пирӯз шуда буд.
Дастаи Унаи Эмери силсилапирӯзиҳои худро дар Лигаи Аврупо бо пирӯзии 2-0 бар “Маккаби Тел-Авив” дар даври 4-ум оғоз кард. Сипас онҳо “Борнмут”-ро бо ҳисоби 4-0 ва “Лидс Юнайтед”-ро бо ҳисоби 2-1 мағлуб карданд. Баъдан дастаи Бирмингем дар Лигаи Аврупо бар "Янг Бойз"  бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуда, дар  Премер-Лигаи Англия бошад бар "Вулверхэмптон Уондерерс" бо ҳисоби 1-0, "Брайтон энд Хов Албион" бо ҳисоби 4-3 ва "Арсенал" бо ҳисоби 2-1 пирӯз гардид. Дар идома ин тим дар Лигаи Аврупо "Базел"-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод ва дар  Премер-Лига бар "Вест Хэм Юнайтед" бо ҳисоби 3-2, "Манчестер Юнайтед" бо ҳисоби 2-1 ва "Челси" бо ҳисоби 2-1 пирӯзӣ ба даст овард.
Бошгоҳи “Астон Вилла” айни замон бо 39 имтиёз дар ҷадвали Премер-Лига дар ҷои сеюм қарор дорад. Онҳо инчунин бо 15 имтиёз дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи Аврупо дар ҷои сеюм мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив