LIVE

Мухлисони исроилӣ ба бозии Лигаи Аврупо роҳ дода намешаванд

Мухлисони бошгоҳи исроилии «Маккаби Тел-Авив» ба бозии даври 4-уми Лигаи Аврупо бо «Астон Вилла» роҳ дода намешаванд. Бозӣ дар Вилла Парк дар шаҳри Бирмингем рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
7 ноябри соли 2025, ҷумъа. Соати 01:00 ДШБ
“Астон Вилла” (Бирмингем, Англия) -  “Маккаби Тел-Авив” (Тел-Авив, Исроил)
"Пас аз вохӯрии нисфирӯзӣ ба бошгоҳи исроилӣ ва УЕФА расман хабар дода, ки мухлисони тими меҳмон ба бозӣ баҳри иштирок иҷозат дода намешаванд.
Пулиси Мидлендзи Ғарбӣ  дар бораи нигарониҳо оиди амнияти ҷамъиятӣ  берун аз варзишгоҳ ва надоштани имконият баҳри мубориза муқобили эътирозҳои эҳтимолӣ дар он шом хабар дод.
Бошгоҳ бо назардошти амнияти мухлисон дар бозӣ ва амнияти ҷомеаи маҳаллӣ дар тӯли тамоми раванд бо “Маккаби Тел-Авив” ва мақомоти маҳаллӣ муколамаи доимӣ дорад "- омадааст дар изҳороти бошгоҳ англисӣ дар сомонаи расмӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив