LIVE

“Арсенал” дар даври 26-уми ПЛА бар “Брентфорд” пирӯз шуда натавонист

Бозии даври 26-уми Премер-Лигаи Англия байни дастаҳои “Брентфорд” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи “Гитек Комюнити” (Брентфорд, Англия)  бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.
Англия.  Премер -лига. Даври 26-ум
13 феврали соли 2026, ҷумъа. 01:00 ДШБ
“Брентфорд” (Лондон) 1:1 “Арсенал” (Лондон)
0:1 Мадуеке – 61' 1:1 Люис-Поттер – 71'
Ҳамлагари бошгоҳи “Арсенал” Нони Мадуеке голи аввалини бозиро дар дақиқаи 61-ум зад. Дар дақиқаи 71-ум бошад ҳамлагари  мизбонон Кин Люис-Поттер ҳисобро баробар кард. Дастаҳо дар вақти боқимондаи бозӣ дигар гол зада натавонистанд.
Пас аз 26 даври Премер-лигаи Англия “Арсенал” 57 имтиёз дорад ва дар ҷадвал пешсаф аст. “Брентфорд” бо 40 имтиёз дар зинаи ҳафтум мебошад.
Дар даври оянда  “Брентфорд” рӯзи 21-уми феврал дар майдони худ бо “Брайтон”  рӯбарӯ хоҳад шуд, дар ҳоле ки “Арсенал” як рӯз пас дар сафар бо “Тоттенҳэм” рақобат мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив