Бозии даври 5-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои 2025/2026 байни дастаҳои “Арсенал” ва “Бавария” бо ҳисоби 3-1 дар варзишгоҳи Эмирейтси шаҳри Лондон ба нафъи лондониҳо хотима ёфт.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 5-ум
Панҷшанбе, 27 ноябри соли 2025. 01:00 ба вақти Душанбе
“Арсенал” (Лондон, Англия) 3:1 “Бавария” (Мюнхен, Олмон)
1:0 Тимбер – 22' 1:1 Карл – 32' 2:1 Мадуеке – 69' 3:1 Мартинелли – 77'
Дар дақиқаи 22-ум Юрриен Тимбер ҳисобро кушод ва лондониёнро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 32-юм Ленарт Карл ҳисобро баробар кард. Нони Мадуеке бошад дар дақиқаи 69-ум ба мизбонон пешсафӣ дод. Дар дақиқаи 77-ум Габриэл Мартинелли голи сеюми лондониҳоро ба самар расонид.
Пас аз ин бозӣ “Арсенал” бо 15 имтиёз дар ҷадвали Лигаи Чемпионҳо пешсаф аст, дар ҳоле ки “Бавария” бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.
Дар даври охир "тӯпчиён" “Славия Прага”-ро бо ҳисоби 3-0 шикаст доданд. Абардастаи олмонӣ ПСЖ-ро бо ҳисоби 2-1 мағлуб карданд. Дар даври оянда “Арсенал” бо “Брюгге” (10-уми декабр) ва “Бавария” бо “Спортинг” (9-уми декабр) рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Бозии финалии Лигаи Чемпионҳо ин мавсим дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.
