LIVE

“Арсенал” дар даври 13-уми ПЛА “Челси”-и даҳнафараро мағлуб карда натавонист

Бозии даври 13-уми  Премер-лигаи Англия байни дастаҳои “Челси” ва “Арсенал” дар варзишгоҳи "Стэмфорд Бриҷ"-и шаҳри Лондон бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.
Англия - Премер-лига. Даври 13-ум
Якшанбе, 30 ноябри соли 2025. 21:30 ДШБ
“Челси” (Лондон) 1:1 “Арсенал” (Лондон)
1:0 Чалоба – 48' 1:1 Мерино – 59'
Корти сурх: Кайседо – 38'  
Дар дақиқаи 38-ум нимҳимоятгари дастаи мизбон Мойзес Кайседо барои қоидавайронкунии дағал нисбати Мишел Мерино корти сурх гирифт. Ҳимоятгари  мизбонон Тревор Чалоба дар дақиқаи 48-ум ҳисобро кушод.  Микел Мерино бошад дар дақиқаи 59-ум бо голи мизбонон посух дод.
Дастаи Энсо Мареска 24 имтиёз дорад ва дар Премер-лигаи Англия дар ҷои сеюм қарор дорад. Тими Микел Артета бошад бо 30 имтиёз дар садри ҷадвал мебошад.
“Челси” дар даври оянда бо “Лидс Юнайтед” (3-юми декабр) ва “Арсенал” бо “Брентфорд” (3-юми декабр) рӯбарӯ мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив