Бозии даври 6-уми мавсими ПЛА-2025/26 миёни дастаҳои “Нюкасл Юнайтед” ва “Арсенал” бо ғалабаи лондониҳо бо ҳисоби 2:1 дар варзишгоҳи Сент Ҷеймс Парки Нюкасл-апон-Тайн ба анҷом расид.
Англия — Премер-лига. Даври 6-ум
Якшанбе, 28 сентябр 2025. 20:30 ДШБ
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл апон Тайн) 1:2 “Арсенал” (Лондон)
1:0 Волтемаде – 34' 1:1 Мерино – 84' 1:2 Магалянс – 90+6'
Ник Волтемаде дар дақиқаи 34-ум голро мизбононро ба пеш баровард, вале Микел Мерино дар дақиқаи 84-ум ба ин гол ҷавоб гардонид. Дар дақиқаи 90+6-ум бошад голи пирӯзиоварро Габриэл Магалянс ба самар расонд.
Баъди ин бозӣ «Нюкасл Юнайтед» бо 6 имтиёз дар зинаи 15-уми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад. «Арсенал» бо 13 имтиёз дар зинаи дуюм аст.
Дар даври навбатӣ «зоғон» рӯзи 5-уми октябр дар майдони худ муқобили «Ноттингем Форест» ва рӯзи 4-уми октябр «тӯпчиён» «Вест Хэм Юнайтед»-ро қабул мекунанд.
