LIVE

Ҷузъиёти нав оиди низоъ байни Винисиус ва Хаби Алонсо пайдо шуданд

Бозигари “Реал Мадрид” Винисиус Жуниор ва сармураббии даста Хаби Алонсо тавонистанд муносибатҳои худро беҳтар кунанд ва низои ахири байни ҳамдигариро ҳал кунанд, хабар медиҳад AS.
Ба гуфтаи манбаъ рӯзи 29-уми октябр байни бозигари бразилӣ ва мураббиаш "мулоқоти дӯстона" баргузор шуд, ки онҳо "сӯҳбати самимӣ ва созанда" доштанд ва ин ҳам ба коҳиш додани танишҳои лафзӣ ва ҳалли ихтилофҳо мусоидат кард.
Қаблан, рӯзи 26-уми октябр дар бозӣ муқобили “Барселона” Алонсо дар дақиқаи 72-юм Винисиусро иваз кард, ки ин амали мураббӣ боиси вокуниши шадиди бозингар гардид. Ҳангоми тарк кардани майдон, ӯ ба қарори мураббӣ бо эҳсосот вокуниш нишон дод ва бо ҳайрат пурсид, ки чаро ӯро иваз кардаанд ва ҳамчунин дашном дод. Баъдтар овозаҳо паҳн шуданд, ки бозингар мехоҳад бошгоҳро тарк кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив