LIVE

"Реал Мадрид" оиди шартномаи корӣ бо Хаби Алонсо ба мувофиқа расидааст

Бошгоҳи испании «Реал» оиди имзокунии шартномаи корӣ бо Хаби Алонсо ба мувофиқа расидааст. Мутахассиси испанӣ ҳоли ҳозир сармураббии «Байер Леверкузен» мебошад. Бино ба навиштаи нашрияи бонуфузи Marca "Реал Мадрид" бо Алонсо барои се сол шартнома бастанист.
Хаби ёвари худ мураббии бадансоз Себас Паррилларо, ки аз соли 2018 бо ӯ кор кардааст, ба Мадрид меорад. Зимнан зикр мегардад, ки сармураббии феълии «Реал Мадрид» Карло Анчелотти рӯзи 25-уми май, баъди анҷоми бозии охирини мавсимӣ бо бошгоҳи шаҳри Мадрид видоъ мекунад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки бошгоҳи феълии Алонсо «Байер Леверкузен» барои рафтани мутахассиси испанӣ фаъолона омодагӣ мегирад ва имконоти иваз кардани ӯро баррасӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив