Сармураббии тими «Реал Мадрид» Карло Анчелотти, ки тибқи фарзияи ФИФА беҳтарин мураббии соли 2024 эътироф шудааст, дар овоздиҳӣ 26 имтиёз ба даст овард. Мутахассиси испанӣ Хаби Алонсо, ки сарварии “Байер”-ро ба ӯҳда дорад, 22 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюми беҳтаринҳо қарор дорад. Сармураббии “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола бошад бо 10 имтиёз дар миёни сегонаи беҳтаринҳо ҷой гирифт.
Дар ҷои чаҳорум бо 9 имтиёз сармураббии тими миллии Испания Луис де ла Фуэнте мебошад. Сармураббии тими миллии Аргентина Лионел Скалони панҷ имтиёз ба даст овард.
Дар мавсими 2023/2024 бошгоҳи шоҳона таҳти роҳбарии Анчелотти қаҳрамони Испания ва ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуда буд.