Сармураббии «Барселона» Ханс Дитер-Флик дар аввалин «эл-класико»-и худ пирӯзӣ ба даст овард. Каталониҳо таҳти раҳбарии мутахассиси олмонӣ дар бозии даври 11-уми Ла Лигаи Испания бар тими “Реал Мадрид” бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуданд.
Испания - Примера. Даври 11-ум
27-уми октябри соли 2024, якшанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Реал Мадрид” 0 : 4 “Барселона”
0:1 Левандовски – 54' 0:2 Левандовский – 56' 0:3 Ямал – 77' 0:4 Рафиня – 84'
Пас аз 11 бозӣ дар Примераи Испания бошгоҳи мадридӣ 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои дуюм қарор дорад. “Барселона” бошад бо 30 имтиёз дар ҷойи аввал аст.
Мутахассиси 59-солаи олмонӣ Ҳанс-Дитер Флик охири моҳи майи соли 2024 пас аз анҷоми мавсими 2023/2024 ва истеъфои Хави 44-солаи испанӣ аз вазифаи сармураббии “каталониҳо” вазифаи сармураббигии дастаи «Барселона»-ро бар ӯҳда гирифт.