Сармураббии дастаи «Барселона» Ханс-Дитер Флик дар бораи пирӯзии «каталониҳо» бар «Райо Валйекано» (2:1) дар бозии даври 3-юми Ла Лига ибрози назар кард.
“Нимаи аввали бозӣ ончунон, ки мо мехостем, нагузашт. Мо ба қадри кофӣ бозӣ накардем ва бо тӯб чандон хуб набудем. Дар қисми дуюм бозӣ беҳтар шуд ва мо хеле беҳтар ҳунарнамоӣ намудем. Ба фикрам, мо ба ғалабаи сазовор ва одилона ноил гардидем. Мо хуб дифоъ кардем, аммо мукаммал не. Райо дастаи хеле хуб аст ва онҳо бозигарони хеле босуръат доранд.
Марк Бернал ҷароҳат бардоштааст. Вай чандон хуб ба назар намерасад. Ман ба ӯ саломатӣ мехоҳам, чунки ӯ олиҷаноб менамуд ва сазовори чунин осеб дидан набуд. Аммо Педри хуб аст, вай осеби хурд дорад" – аз суханҳои Флик иқтибос меорад шабакаи Barca Universal
Пас аз ин пирӯзӣ «Барселона» 9 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои аввал аст. «Райо Вальекано» чаҳор хол дорад ва дар ҷои ҳаштум қарор дорад.