LIVE

Силсила бозиҳои бе бохти "Реал" дар Ла Лига ба охир расид

Дар бозии даври 13-уми Ла Лигаи Испания   “Райо Валйекано” меҳмони худ “Реал”-и Мадридро истиқбол гирифт.
  Мизбонони вохӯрӣ аллакай дар дақиқаи панҷум пешсаф шуданд. Сантяго Комесаня авввлин голи дидорро зад. 
Мадридиҳо танҳо дар дақиқаи 37-уми бозӣ тавонистанд ҳисобро баробар кунанд, ки Лука Модрич зарбаи 11-метраро ба самар расонд. 
Пас аз чаҳор дақиқа Эдер Милитао пас аз зарбаи кунҷӣ меҳмононро ба пеш баровард.  Бо вуҷуди ин, танҳо пас аз се дақиқа "Райо Валлекано" ба шарофати голи Алваро Гарсия ҳисобро баробар кард. 
Дар дақиқаи 65-ум тӯб ба дасти Карвахал расид ва довар зарбаи 11 метра таъин намуд. Бозигарони "Райо Валйекано" аз шонси худ истифода намуда, ғалаба ба даст оварданд. Мадридиҳо ин вохӯриро наҷот дода натавонистанд ва бо шикасти аввалини худ дар ин мавсими Ла Лига дучор шуданд - 2:3.  Баъди ин вохӯрӣ "Реал Мадрид" бо 32 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд.  Шогирдони Карло Анчелотти аз пешсаф «Барселона» ду хол кам доранд.  "Райо Валйекано бо шарофати ин пирӯзӣ 21 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи ҳаштуми чемпионати Испания баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив