Мураббии олмонӣ Ҳанс-Дитер Флик, ки ба зудӣ бо “Барселона” шартнома баст, ба маоши нисбатан кам розӣ шуд, хабар медиҳад AS. Ёдовар мешавем, ки расонаҳо хабар доданд, ки шартномаи каталониҳо бо ин мутахассис то соли 2026 амал мекунад.
Ба иттилои манбаъ, маоши Флик дар «Барселона» тақрибан 3 миллион евроро ташкил медиҳад. Инчунин хабар дода мешавад, ки тибқи нуқтаҳои шартнома ин мураббии олмонӣ дар сурати ба даст овардани ҷоизаҳо маблағи хеле баланд пешбинӣ шудааст. Ба маоши ин мураббии олмонӣ метавонанд 1 миллион еврои дигар илова кунад, агар ӯ дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб шавад. Дар сурати пирӯзӣ дар Ла Лига бошад Флик метавонад 750 ҳазор евро ба даст орад.
Ёдовар мешавем, ки Флик аз соли 2019 то 2021 сармураббии “Бавария” буд. Дар ин давра бо роҳбарии ӯ абардастаи олмонӣ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо, Суперҷоми Аврупо, Ҷоми Олмон ва ду бор қаҳрамони Олмон шудааст. Дастаи охирини Флик бошад тими миллии Олмон буд, ки онро аз соли 2021 то соли 2023 тамрин медод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш “Барселона” Хавиро ба истеъфо равон карда буд.