Сармураббии дастаи “Барселона” Ҳанс-Дитер Флик шарҳ дод, ки чаро ба Ансу Фати пас аз шифо ёфтан аз ҷароҳат иҷозаи як дақиқаи бозӣ дар Ла Лигаро надодааст.
Испания - Примера. даври 7-ум
25-уми сентябри соли 2024, чоршанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
Барселона 1:0 Хетафе
1:0 Левандовски – 19'
"Ансу Фати 100% омода аст, аммо бозӣ душвор буд ва мо тасмим гирифтем, ки бозигарони дигарро аз ин рақобат озод кунем"- гуфт Флик.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 7-уми чемпионати Испания байни “каталониҳо” ва «Хетафе» (1:0) мутахассиси олмонӣ ҳамагӣ чор ивазкунии бозигарон анҷом дода, Фати ҳатто ба далели осеби Ламин Ямали 17-сола ба майдон набаромад.
Фати дастпарвари каталониҳо буда, мавсими гузашта дар ҳайати “Брайтон” 30 бозӣ анҷом дод ва 4 голу як ассист ба омор гирифта буд. Ин мавсим футболбоз бо сабаби ҷароҳат дар як як қисми омодагиҳои пешазмавсимӣ ва оғози Ла Лига ба майдон омада натавонист. Айни замон, вингери 21-сола дар як бозии Лигаи Чемпионҳо ҳамагӣ 2 дақиқа бозӣ кардааст. Нархи тахминии ҳамлагар тибқи портали интернетии Transfermarkt 25 миллион евро мебошад.