LIVE

Ханси Флик расман сармураббии нави «Барселона» шуд

Собиқ сармураббии «Бавария» ва тими миллии Олмон Ханс Дитер Флик вазифаи сармураббигии  «Барселона»-ро ба ӯҳда гирифт. Дар ин бора расман хадамоти матбуотии дастаи каталонӣ хабар медиҳад. Шартнома бо ин мутахассиси 59-солаи олмонӣ то соли 2026 баста шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки вобаста ба вазъи душвори молиявии бошгоҳи испанӣ дар ҷараёни музокираҳо Флик маоши аз ҳад зиёд талаб накардааст.
Сармураббии феълии «блаугранас» Хави бошад пас аз анҷоми мавсими қаблӣ аз вазифааш канор рафта буд.
Дастаи  охирини Флик тими миллии Олмон буд, ки ӯ онҷо аз моҳи августи соли 2021 то сентябри соли 2023 кор мекард.
Мавсими солҳои 2019-2021 бошад Ханси Флик «Бавария»-ро тамрин медод. Ӯ бо дастаи мюнхенӣ ба ду ғалаба дар Бундеслига, пирӯзӣ дар Ҷоми Олмон ва Суперҷоми ин кишвар, ғолибият дар Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив