LIVE

Гвардиола- беҳтарин мураббии мавсим дар ПЛА

Сармураббии дастаи «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола беҳтарин мураббии Чемпионати Англия дар мавсими 2023/24 эътироф гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Премйер – Лигаи Англия.
Дар ин мавсим дастаи «Манчестер Сити» 91 имтиёз ба даст оварда, аз «Арсенал»-и Лондон ду хол бештар ба даст оварда, дар ҷои аввал қарор гирифт. «Манчестер Сити» чорумин бор пайиҳам унвони қаҳрамониро дар чемпионати Англия ба даст овард. “Шаҳриҳо” бори шашум таҳти роҳбарии   Гвардиола дар ПЛА ғолиб омаданд.
Хосеп Гвардиола    бори панҷум беҳтарин мураббии чемпионати Англия дониста шуд. Қаблан ӯ ин ҷоизаро дар мавсимҳои 2017/18, 2018/19, 2020/21, 2022/23 гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив