LIVE

Роҳбарияти «Реал Мадрид» ивазкунандаи Анчелоттиро пайдо намуд

Президенти «Реал Мадрид» Флорентино Перес сармураббии «Байер» Хаби Алонсоро беҳтарин номзад ба вазифаи сармураббигии дастаи «Лос-Бланкос» мешуморад. Дар ин бора хабаррасони футбол Фабрисио Романо дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Перес бар он аст, ки Алонсо ба далели сабки бозии хеш  барои “Реал Мадрид” идеалист.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Алонсо метавонад  охири мавсими ҷорӣ аз “Байер” ба “Реал Мадрид” гузариш анҷом диҳад. Шартномаи сармураббӣ бо “Байер” то соли 2026 эътибор дорад, аммо дар он банде мавҷуд аст, ки ба ӯ имкон медиҳад, ки тобистони оянда дастаи олмониро тарк кунад. Ҳамзамон Перес мехоҳад аз ин нуқтаи шартномаи Алонсо истифода кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив