LIVE

Перес Анчелоттиро ба мулоқоти як ба як даъват кард

«Реал Мадрид» нияти аз кор озод кардани Карло Анчелоттиро надорад, аммо клуб аз натиҷаҳои Ла Лига норозӣ аст.

Ба иттилои манбаъ, Флорентино Перес рӯзҳои наздик бо Карло Анчелотти мулоқот карда, нақшаҳои мавсими ояндаро баррасӣ мекунад. Президенти "Реал Мадрид" мехоҳад бифаҳмад, ки мураббӣ барои рушду пешрафти тим дар оянда чӣ пешниҳодҳо дорад. 

Феълан дар клуб ба рафтани Анчелотти бовар надорад ва умедворанд, ки ӯ то охири муҳлати шартнома дар Мадрид мемонад. Бо вуҷуди ин, Карло то ҳол пешниҳоди ҳамкорӣ бо тими миллии Бразилия дорад, аз ин рӯ, ҳангоми вохӯрӣ бо Перес мураббӣ бояд нияти мондан дар "Реал Мадрид"-ро тасдиқ кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив