LIVE

Сабаби рафтани Винисиус аз “Реал Мадрид” маълум шуд

Ҳамлагари бразилӣ Винисиус Жуниор метавонад “Реал Мадрид”-ро тарк кунад, хабар медиҳад AS.
Ба гуфтаи як манбаъ  бозигари бразилӣ ба таври ҷиддӣ дар бораи рафтан аз бошгоҳи шаҳри Мадрид фикр мекунад. Бозингар бовар дорад, ки мақом ва саҳми ӯ дар даста нодида гирифта шудааст ва муносибати ӯ бо сармураббӣ Хаби Алонсо торафт шиддат мегирад.
Қайд карда мешавад, ки Винисиус эҳсос мекунад, ки ба нақшаҳои бозӣ ва услуби Алонсо мувофиқат намекунад. Низоъ байни онҳо махсусан ҳангоми бозии Эл Классико (2-1) шадидан авҷ гирифт. Шартномаи Винисиус бо “Реал Мадрид” то соли 2027 мӯҳлат дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив