LIVE

«Бавария» дар имзокунии шартнома бо Хаби Алонсо наздик аст

«Бавария» метавонад дар рақобат баҳри даъваткунии Хаби Алонсо аз «Ливерпул» пеш гузарад. Баъди рафтани   Томас Тухел тими мюнхенӣ бе мураббӣ мемонад. Дар ин бора журналист Саша Таволйери дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Бино ба иттилоъи сарчашма «Ливерпул» вобаста ба доштани иртибот бо наздикони мураббӣ ба имзокунии шартнома бо   Алонсо наздик буд, вале вақти расидани фурсати навишти шартнома андаке таваққуф кард.   «Бавария» бо истифода аз фурсати муносиб дар роҳи даъвати Алонсо мавқеашро мустаҳкам кардааст. Ашхоси расмии тими мюнхенӣ пешниҳоди беҳтареро ба муттахассиси испанӣ ирсол кардаанд, ки ин ҳам аз пешниҳоди пешинаи мерсисайдиҳо пурманфиаттар аст.
Пештар хабар дода мешуд, ки менеҷери «Байер» қарори ниҳоиро бо анҷоми мавсим мебарорад. Қарордоди кории феълии Алонсо бо «дорусозон» то тобистони соли 2026 мебошад.
Сарчашма: “Чемпионат”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив