LIVE

Нақшаҳои “Реал Мадрид” оиди ояндаи Винисиус баъди эл-классико ошкор шуд

Хабаргузории Cadena Ser новобаста аз муносибати душвор миёни ҳамлагар Винисиус ва сармураббӣ Хаби Алонсо ба он аст, ки “Реал Мадрид” нисбати тамдидкунии шартнома бо Винисиус исрор мекунад.
“Реал Мадрид” нақшаҳои худро тағйир намедиҳад. Бошгоҳ то ҳол қасд дорад шартномаи Винисиус Жуниорро тамдид кунад ва дар ин бора хушбин аст. Ин ҳам сарфи назар аз он ки айни замон муносибат  байни бозингар ва мураббӣ хеле ноумедкунанда аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Винисиус дар бораи тарк кардани “Реал Мадрид” фикр мекунад ва аз агенти худ хоҳиш кардааст, ки барои ӯ бошгоҳи нав пайдо намояд.
Ёдовар бояд шуд, ки Винисиус дар даври 10-уми бозии Ла Лигаи Испания бар зидди “Барселона” (2-1), пас аз иваз шудан дар дақиқаи 72-юм нисбати сармураббӣ Алонсо норозигии худро баён кард ва даррав ба самти нақби варзишгоҳ рафт. Пас аз чанд фурсат ӯ ба курсии эҳтиётӣ баргашт ва қисмати боқимондаи бозиро дар якҷоягӣ бо ҳамдастаҳояш тамошо кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив