“Барселона” таваҷҷӯҳи худро нисбати ҳамлагари “Галатасарой” Виктор Осимхен бештар кардааст. Тибқи иттилои нашрияи Mundo Deportivo ҷониби “блаугранас” ин бозигари нигериягиро ҳамчун ивазкунандаи эҳтимолии ҳамлагар Роберт Левандовский дар соли 2024 баррасӣ карда буд.
Ба гуфтаи як манбаъ, нархи баланди бозигар метавонад монеаи ҷиддӣ барои гузариши эҳтимолии Осимхен ба “Барселона” бошад. Қайд карда мешавад, ки тими туркӣ тобистони гузашта ин бозигари 26-соларо бо нархи 75 миллион евро харидорӣ карда буданд ва намехоҳанд ӯро бо нархи арзонтар фурӯшанд.
Осимхен ин мавсим дар нӯҳ бозии ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, шаш гол задааст. Шартномаи кунунии ӯ бо дастаи туркӣ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Виктор Осимхен 75 миллион евро мебошад.
