Бошгоҳи саудии «Ал-Ҳилол» нисбати ҳамлавари бошгоҳи «Наполи» Виктор Осимхен мароқ зоҳир кардааст, дар ин бора инсайдер Николо Шира дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х хабар медиҳад.
Манбаъ ҷузъиёти музокиротро ифшо намекунад. То охири мавсим футболбоз дар ҳайати «Галатасарой» тариқи иҷора бозӣ мекунад. Шартномаи Осимхен бо "Наполи" то санаи 30 июни соли 2026 амал мекунад. Ӯ дар тими итолиявӣ замони гузариш аз “Лилл дар моҳи сентябри соли 2020 бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Осимхен мавсими имсола дар 36 бозӣ ширкат карда, дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Истамбул 31 гол ва 7 партофти головар дар номаш дорад. Арзиши бозории ин ҳамлавари нигериявӣ 75 миллион евро мебошад.