LIVE

Изҳороти расмии «Наполи» дар пасманзари муноқиша бо Осимхен

«Наполи» дар пасманзари муносибати сард миёни роҳбарияти бошгоҳ ва ҳамлавар Виктор  Осимхен изҳороти расмӣ намуд.
«Президент Де Лаурентис ҳеҷ вақт дар бораи Виктор суханҳои ноҷо нагуфтааст. Ӯ танҳо гуфта буд, ки Осимхен баъди қарордоди шифоҳӣ аз гапаш гашт.
Мо итминон дорем, ки ин таннафус барои андешаронӣ аст. Ҳафтаҳои наздик бо агенташ дар барои ояндаи бозигар гуфтшунид мегузаронем. Паёмҳо оиди вазъи носозгор миёни  «Наполи» ва Осимхен ба андозаи садфоиза ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд», — иқтибос меорад изҳороти бошгоҳиро хабаррасон Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Шартномаи ҳамлавари нигериявӣ бо  неаполитаниҳо санаи 30-юми июни соли 2025 поён меёбад. Бозигари 24-сола ба тими итолиёвӣ тирамоҳи соли 2020 аз «Лион»-и фаронсавӣ бар ивази 75 млн евро гузариш анҷом дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив