Аурелио Де Лаурентис бар он аст, ки танҳо «ПСЖ» метавонад Виктор Осимхенро харидорӣ намояд.
Айни ҳол роҳбарияти дастаи итолиявӣ бо ҳамлавар оиди тамдидкунии шартнома гуфтушунидҳо мегузаронад.
«Бошгоҳи ягонае, ки имкон дорад Виктор Осимхенро хариддорӣ намояд, – ин «ПСЖ» аст.
Пас агар Носир Ал-Хелайфи мехоҳад 200 млн евро ё маблағи наздик ба он пешниҳод намояд – мо интизор мешавем ва вазъро баҳогузорӣ кунем», – гуфт президенти «Наполи» вақти мусоҳиба бо Sport Mediaset.
Сарчашма — Football Italia