LIVE

«Реал» бо арзиши 70 млн футболбоз мехарад

«Реал» дар мавсими гузариши тобистона ниммуҳофизатгари  испании дастаи «Наполи» - Фабиан Руисро харидорӣ карданист.  Мадридиҳо барои ин футболбози 23 сола 70 миллион евро маблағ ҷудо намудааст. Президенти неаполитаниҳо Аурелио Де Лаурентис бошад, аз чунин маблағи калон рӯй гардонида натавонист ва пешниҳоди ҳамтои мадридиашро қабул намуд. Сармураббии ҷадиди «Наполи» - Ҷеннаро Гаттузо бо як шарт ба ин муомилот розигии худро додааст, ки роҳбарияти клуб ба ивази Руис аз «Селта» Станислав Лоботкуро  харидорӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив