LIVE

Ҳамлавари асосии "Наполи" ба Париж меояд

“ПСЖ” омода аст, ки ҳамлавари “Наполи” Виктор Осимхенро харидорӣ намояд. Ба гуфти парижиён ин тими шайхона тайёр аст, ки аз барои Виктор Осимхен 120 миллион евро пардохт намояд. Ба худи ҳамлавари “Наполи” бошад солона   13 млн евро маош медиҳанд.
Аз рӯи маълумоти Il Mattino тими парижиро арзиши бозигари мунтахаби Нигерия ҳеҷ ба тарс намеорад ва онҳо ассосан баъди рафтани Мбаппе бояд, ки нафари арзанда ба тим биёранд.  Ба Осимхен дар дастаи парижӣ шартномаи чорсола бо маоши кории  13 млн евро солона ва ҳамчунин   100% ҳуқуқи имиҷӣ аз қарордодҳои сарпарастон ваъда кардаанд.
Бар замми ин қайд карда мешавад, ки муносибат миёни  президентҳои бошгоҳҳо Аурелио Де Лаурентис ва Нассер  Ал-Хелайфи хеле ҳам нағз буда,  ин ба амалишавии иртибот мушкил эҷод нахоҳад кард.  Осимхен ҳам худ варианти пайвастан ба “ПСЖ”-ро дар тобистон аз ҳадафҳои хеш мушуморад. Мавсими ҷорӣ   Осимхен бо 12 голу 3 ассист дар 19 бозии “Наполи” дар  Серияи А ба майдон омада, вазъи худи дастаи “Наполи” бошад куллан бӯҳронӣ аст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив