LIVE

"ПСЖ" ва "МЮ" -харидорони асосии ҳамлавари "Наполи"

"Манчестер Юнайтед"   тобистон дар бозор яке аз фаъолтаринҳо мешавад. Ин навбат "МЮ"-ро дар баробари  "ПСЖ"   номзадҳои асосӣ дар харидории ҳамлавари "Наполи" Виктор Осимхен медонанд. Ба қавли нашрияи "Индепендент" арзиши шартномавии голзани асосии "Наполи"  110 млн евро мебошад, вале ин ду дастаи гуфтагиро чунин маблағ умуман наметарсонад.
Ин ду дастаи қудратманд аз рӯи пулдориро аз номзадҳои асосӣ дар харидории Осимхен гуфта, "Наполи" ҳам чанде пеш ба хотири пул бештар гирифтан аз фурӯши ҳамлавари мунтахаби Нигерия шартномаро тамдид кард ва нархи бозорияшро болотар бардошта буд.
Дар масъалаи "Юнайтед" қайд карда мешавад, ки баъди фурӯши саҳмияҳои ин тим ба Ҷим Рэтклифф   "МЮ" ният дорад, ки амалиётҳои транферии ҳушмандонаро содир кунад ба бештар ба бунёди ояндаи наздик такя намояд. Гуфта мешавад, ки трансфери Осимхен  мутобиқ ба стратегияи мазкур буда, бо вуҷуди синну сол ва универсалӣ будани африқоӣ ӯро тезтарак метавон пироҳанҳои сурх пӯшонад. Ҳамзамон "ПСЖ" ҳам баъди гуселкунии Мбаппе нияти даъвати ин ҳамлавари 25-соларо чун ивазкунандаи ситораи асосӣ дорад. Дар бошгоҳи фаронсавӣ фикр мекунанд, ки  Виктор қодир аст, ки таҳти он услуби фишоровари Луис Энрике ба зудӣ мутобиқ шавад.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив