Бошгоҳи итолиявии “Наполи” мехоҳад, ки аз барои ҳамлавари дастааш Виктор Осимхен беш аз 60 миллион евро ба даст орад, хабар медиҳад рӯзноманигори маъруф ва инсайдер Фабрисио Романо дар шабакаи иҷтимоии X. Ба иттилои манбаъ неаполитаниҳо музокиротро бо “Галатасарой” дар бораи интиқоли Осимхен идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бошгоҳи туркӣ 50 миллион евро пешниҳод карда буд, ки 5 миллион еврои дигар ҳамчун иловапулӣ пешбинӣ шуда буд, аммо қаҳрамони Италия чунин пешниҳодро рад кард.
Мавсими гузашта Осимхени 26-сола дар ҳайати “Галатасарой” ба таври иҷора бозӣ мекард. Ӯ дар тамоми мусобиқаҳо 41 бозӣ гузаронида, ба задани 37 гол ва ирсоли 8 партофти головар даст ёфтааст. Мӯҳлати шартнома миёни "Наполи" ва бозигари нигериявӣ то тобистони соли 2026 амал мекунад.
