Бозии даври 5-уми Лигаи 1-и Фаронса дар мавсими 2025/2026 байни “Марсел” ва “ПСЖ” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Велодром”-и шаҳри Марсел баргузор шуд. Доварии асосии вохӯриро Жером Бризар ба ӯҳда дошт.Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Голи ягонаи бозиро муҳофизи марокашии “Марсел” Найеф Агер дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба самар расонид. Дар дақиқаи 90+1 сармураббии “Марсел” Роберто Де Дзерби корти сурх гирифт.
Ин аввалин бохти “ПСЖ” дар мавсими имсолаи Лигаи 1 мебошад. Ҳамчунин, пас аз соли 2011 бори аввал дастаи шаҳри Париж дар Лигаи 1 дар варзишгоҳи “Велодром” мувоҷеҳи шикаст шуд.
Баъди панҷ даври чемпионати Фаронса “ПСЖ” бо 12 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. “Марсел” бо 9 имтиёз дар зинаи шашум ҷойгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, рӯзи 26-уми сентябр, “Марсел” дар меҳмонӣ бо “Страсбург” вомехӯрад. “ПСЖ” рӯзи 27-уми сентябр дар майдони хуб бо “Осер” дидор анҷом медиҳад.
