LIVE

“Марсел” дар бозии мушкили Лигаи 1 бар “Лион” зафар ёфт

Бозии даври 20-уми Лигаи 1-и Фаронса, ки дар он дастаҳои «Марсел» ва «Лион» вохӯрданд,   дар варзишгоҳи «Оранж Велодром»-и шаҳри Марсел   бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.
Фаронса - Лигаи 1. Даври 20-ум
03 феврали соли 2025, душанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Марсел” (Марсел) 3:2 “Лион” (Лион)
0:1 Толиссо – 53'     1:1 Гринвуд – 61’     2:1 Рабйо – 64’     2:2 Ляказетт – 72’     3:2 Хенрике – 85'
Голи аввалини ин дидор дар дақиқаи 53-юм зада шуд. Муаллифи он нимҳимоятгари тими “Лион” Корентин Толиссо гардид. Дар дақиқаи 61-ум ҳамлагари «Марсел» Мейсон Гринвуд ҳисобро баробар кард. Баъди се дақиқа Адриен Рабйо мизбононро ба пеш баромад. Дар дақиқаи 72-юм бошад бозигари меҳмонон Александр Ляказетт аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро дигарбора баробар намуд. Ғалабаи “Марсел”-ро голи  Луис Энрике, ки дар дақиқаи 85-ум ба ҳадаф расонида буд, таъмин кард.
Баъди ин галаба «Марсел» 40 хол гирифта, дар ҷадвали чемпионати Фаронса дар зинаи дуюм аст. “Лион” бошад бо 30 имтиёз дар мақоми ҳафтум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив