LIVE

«Марсел» нагузошт, то ПСЖ ба даври 1/4 ниҳоӣ Ҷоми Фаронса барояд

Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Фаронса бошгоҳи «Марсел» дар майдони худ ПСЖ-ро қабул кард. Ин бозӣ дар шаҳри «Марсел» дар варзишгоҳи "Велодром" баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. «Марсел» дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Алексис Санчес дар задани зарбаи 11 метра иштибоҳ накард ва тимашро ба пеш баровард. Дар вақти изофии қисми аввали дидор Серхио Рамос ҳисобро баробар намуд. Бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 дастаҳо ба танаффус рафтанд. 
Дар дақиқаи 57-ум ҳамлагари украинии тими “Марсел” Руслан Малиновский голи пирӯзиоварро ба самар расонид. Ба ин тартиб, дастаи «Марсел» ба марҳилаи ¼ ниҳоии Ҷоми Фаронса баромад ва бошгоҳи ПСЖ ҳунарнамоияшро дар ин мусобиқа анҷом дод. Ғолиби феълии Ҷоми Фаронса дастаи “Нант” ба ҳисоб меравад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар “Нитса” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Рекордгузор аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Ҷоми Фаронса ПСЖ мебошад, даста 14 маротиба ғолиби ин мусобиқа шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив