Бозии даври 3-юми Лигаи 1, ки дар он дастаҳои «Лион» ва «Марсел» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Groupama (Лион) баргузор шуда, бо пирӯзии “Лион” бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт.
Фаронса – Лигаи 1. Даври 3-юм
31 августи соли 2025, якшанбе. Соати 23:45
“Лион” (Лион) 1:0 “Марсел” (Марсел)
1:0 Балерди – 87'
Корти сурх: Эган-Райли – 29'
Дар дақиқаи 29-ум аз дастаи меҳмонон Эган-Райли корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 88-ум бошад Леонардо Балерди бо автоголи хеш ба “Лион” пирӯзӣ овард.
Пас аз ин бозӣ «Лион» бо 9 имтиёз дар ҷадвали дивизиони олии Фаронса дар ҷои дуюм қарор дошта, «Марсел» бо 3 хол дар зинаи 10-ум мебошад.
Дар даври баъдӣ «Лион» дар меҳмонӣ бо «Ренн» бозӣ мекунад ва «Марсел» дар майдони худ «Лорян»-ро қабул мекунад. Ҳардуи бозиҳо рӯзи 14-уми сентябр баргузор мешаванд.
