LIVE

Дастаи футзали Тоҷикистон ба чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон баъди бозии даври дуюми рақобатҳои интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 роҳ ёфт.  Дар бозии дуюм шогирдони Деян Дедович бар дастаи Афғонистон бо пирӯзӣ бо ҳисоби 5:2 зафар ёфта, пешаки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Голҳоро аз дастаи футзали мо Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Шавқат Ҳалимов (2 гол) ба самар расониданд. Бозии сеюм пагоҳ соати 14:30 бо дастаи Ӯзбекистон доир мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив