LIVE

Деян Дедович: Ҳадафи мо роҳ ёфтан ба Чемпионати Осиё-2020 аст

 Деян Дедович сармураббии дастаи яккачини футзали Тоҷикистон андешаҳояшро қабл аз оғози бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дар нишасти хабарӣ баён кард. 
"Ба Эрон танҳо ба ҳадафи пирӯзӣ ва роҳ ёфтан ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё омадем. Гуруҳе, ки мо шомили он ҳастем, хеле пурқувват аст. Ҳарифони хешро хуб омӯхтем ва бар ҳар бозӣ омодагии алоҳида мегирем"-гуфт мутахассиси серб Деян Дедович 

  Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқа дар минтақаи ҷанубу маркази Осиё дар гуруҳи "А" бо Непала (23 октябр), Афғонистон (24 октябр) ва Ӯзбекистон (25 октябр) рӯ ба рӯ мешавад. Мусобиқа аз 23-ум то 25-уми ноябр дар шаҳри Урмияи Ҷумуҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив