LIVE

Шаш голи беҷавоби футзалбозони тоҷик ба дарвозаи Непал

Дастаи миллии футбзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи ҶИЭ оғоз гардид, бар дастаи Непал дастболо шуд. Шогирдони Деян Дедович ба дарвозаи неаплиҳо 6 голи беҷавоб заданд. Дар ин рақобат Рустам Ҳамидов,Файзали Сардоров ду голӣ, Парвиз Раҳматов ва Умед Қӯзиев як голи ба самар расониданд. Дидори навбатии дастаи мо 24-уми октябр бо Афғонистон соати 14:30 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад. Ду дастаи беҳтарини гуруҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Туркманистон сурат мегирад, роҳ меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив