Бошгоҳи футболи “Байер” дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки нимҳимоятгари ҳуҷумкор Клаудио Эчеверри аз «Манчестер Сити» ба муддати як сол ба иҷора гирифта шудааст. Бозигар дар дастаи шаҳри Леверкузен таҳти рақами 9-ум бозӣ мекунад.
Бошгоҳи инглисӣ Эчеверриро аз "Ривер Плейт" моҳи январи соли 2024 харида буд. То моҳи декабри соли гузашта нимҳимоятгар бозияшро дар тими кишвари Аргентина ба тариқи иҷора идома дод. Шартномаи кории футболбоз бо «Манчестер Сити» то тобистони соли 2028 ба ҳисоб гирифта шудааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 18 миллион евроро ташкил медиҳад.
