LIVE

“Байер” мехоҳад, ки бар ивази 150 млн евро Виртсро ба “Ман Сити” фурӯшад

Барои дастаи олмонии “Байер Леверкузен” афзалтар он аст, ки нимҳимоятгар Флориан Виртсро ба “Манчестер Сити” бифурӯшад, на ба Бавария. Ин ҳам дар ҳолест, ки тими мюнхенӣ қаблан бо бозигари 22-сола оиди шартномаи шифоҳӣ ба мувоифа расида буд. Дар ин бора Kicker хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, бошгоҳи шаҳри Леверкузен майл дорад, ки Виртсро ба абардастаи инглисӣ бифурӯшад, зеро “шаҳриён”   омодаанд, ки аз барои амаликунии ин трансфер 150 миллион евро пардохт кунанд. “Бавария” бошад ҳатто аз барои нимҳимоятгари “Байер” маблағи камтар аз инро ҳам намехоҳад пардохт кунад.
Мавсими ҷорӣ Виртс дар тамоми мусобиқаҳо 44 бозӣ гузаронида, ба задани 16 гол ва ирсоли 15 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории Флориан Виртс 140 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив