LIVE

«Бенфика» оиди гузариши дифоъгари «Манчестер Юнайтед» эълон намуд

Дифоъгари канорӣ Алваро Каррерас Фернандес, ки нимаи дуюми мавсими ҷориро тариқи иҷора дар сафи «Бенфика» аз «Манчестер Юнайтед» гузаронид, ба таври пурра бозигари тими португалӣ гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳ дар сомонаи расмии хеш. Бозигар шартномаи мӯҳлаташ то соли 2029 имзо намуд. Бино ба маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши гузариш  6 млн евроро ташкил додааст. 
Пештар дар ВАО хабаре баромад, ки «Манчестер Юнайтед» аз фурӯши минбаъдаи Фернандес аз ҷониби «Бенфика» пули муайяне ба даст оварда, ҳамчунин аз ҳуқуқи харидории такрории бозигар бархӯрдор аст.
Ёдовар мешавем, ки  Алваро Каррерас Фернандеси 21-сола сафи «Бенфика»-ро тариқи иҷора аз «Манчестер Юнайтед» оғози соли ҷорӣ пурра намуда буд. Дар масири иҷораи нимсола бозигар дар чемпионати португалӣ  16 бозӣ гузаронид, як голу як партофти голӣ ба омор гирифт. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории дифоъгарро 7 млн евро баҳогузорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив