Бошгоҳи «Ювентус» дифоъгари «Нюкасл Юнайтед» Ллойд Келлиро ба иҷора гирифт. Дар ин бора сомонаи расмии туриниҳо маълумот медиҳад.
Мӯҳлати шартномаи футболбоз то моҳи июни соли 2025 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши иҷоравии бозигар 3,8 миллион евроро ташкил додааст.
Ллойд Келли 26-сола аз тобистони соли 2024 дар дастаи «Нюкасл» бозӣ мекунад. Ин муддат футболбоз дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “зоғон” 14 бозӣ анҷом дода, як ирсоли голӣ дорад. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбозро 18 миллион евро арзёбӣ кардааст.
Пас аз 23 бозӣ «Ювентус» бо 40 имтиёз дар зинаи чоруми ҷадвали Серия А қарор дорад.