LIVE

«Манчестер Сити» истеъдоди 18-сола аз Норвегия харидорӣ мекунад

Бошгоҳи «Манчестер Сити» аз тими норвегии «Русенборг» нимҳимоягари 18-сола Сверре Нюпанро харидорӣ карданист. Дар ин бора The Athletic нашри хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, “шаҳриён” футболбози норвегиро ба маблағи 14,6 миллион евро ба даст меоранд. Тахмин меравад, ки шартнома бо  Нюпан то соли 2030 баста мешавад. Интизор меравад, ки пас аз анҷоми қарордод нимҳимоятгари 18-сола бо ҳадафи пешрафти минбаъда як мавсим ба иҷора меравад.
Мавсими гузашта Нюпан  10 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо гузаронида, як гол дар номаш дорад. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳаш то охири соли 2026 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории  Нюпан 12 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив