Ҳамлавари бошгоҳи «Рома» Элдор Шомуродов метавонад, ки ба сафи қаҳрамонони Туркия дар соли 2020 — тими “Истанбул Башакшехир” пайвандад. Дар ин бора рӯзноманигор ва инсайдер Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ музокироти ҷонибҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Рома» мехоҳад барои ҳамлагари 30-сола 7-8 миллион евро ба даст орад.
Шомуродов тобистони соли 2021 ба бошгоҳи пойтахти Итолия гузариш анҷом дода буд. Шартномаи феълии ҳамлагари тими миллии Ӯзбекистон бо “римиҳо” то соли 2026 мӯҳлат дорад. Дар тӯли фаъолияти худ дар ҳайати “гургҳо” Элдор 80 бозӣ дар тамоми мусобиқот гузаронида, 13 гол ва 11 партофти головар дар номаш дорад. Сомонаи Transfermarkt арзиши ҳамлагарро 5 миллион евро арзёбӣ кардааст.
Илова бар ин, Шомуродов дар дастаҳои «Ҷеноа», «Спетсия» ва «Каляри»-и Итолия, «Ростов»-и Россия ва ҳамчунин дар дастаҳои «Бунёдкор» ва «Машъали»-и Ӯзбекистон баромад кардааст.